Идомаи сохтмони 12 мурғхона
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз фабрикаи мурғпарварии ноҳияи Мӯъминобод ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз 1-уми июли соли ҷорӣ фурӯши гӯшти парҳезии мурғ ба роҳ монда мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки фабрикаи паррандапарварии муштараки Тоҷикистону Эрон ба парвариши мурғи гӯштӣ махсус гардонида шудааст. Дар айни замон парвариши зоти махсуси мурғи гӯштие ба роҳ монда шудааст, ки дар як шабонарӯз 100- 150 грамм вазн мегирад. Дар давоми як моҳ вазни ин навъи мурғ беш аз 3 килограммро ташкил медиҳад. Ин дар мавридест, ки дар дигар фабрикаҳои мурғпарварӣ дар давоми 45 рӯз вазни мурғҳои гӯштӣ аз 1 килою 700 — 1 килою 800 грамм боло намеравад. Ба гуфти мутахассисони фабрикаи мурғпарварии Мӯъминобод дар ноҳия сохтмони боз 12 мурғхона идома дорад. Мурғпарварон ният доранд то охири сол 600 тонна гӯшти мурғи парҳезӣ истеҳсол намоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






