Ифтитоҳи майдонҳои варзишӣ

Июнь 5, 2012 16:28

Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Шӯрои олимпии Осиё дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон майдончаҳои варзишии бозиҳои волейбол, баскетбол ва футболи хурд ба истифода дода шуданд. Дар маросими кушоиши майдончаҳо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Маликшо Неъматов ва ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Шодӣ Сафаров иштирок карданд. Дар лаҳзаҳои кушоиши майдонча ду командаи баскетбол, ду командаи волейбол ва ду командаи футбол байни ҳам рақобат намуданд. Мақсад аз бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ин муассиса тамрин ва баргузории мусобиқоти варзишист.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 5, 2012 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад