Ифтитоҳи майдонҳои варзишӣ
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Шӯрои олимпии Осиё дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон майдончаҳои варзишии бозиҳои волейбол, баскетбол ва футболи хурд ба истифода дода шуданд. Дар маросими кушоиши майдончаҳо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Маликшо Неъматов ва ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Шодӣ Сафаров иштирок карданд. Дар лаҳзаҳои кушоиши майдонча ду командаи баскетбол, ду командаи волейбол ва ду командаи футбол байни ҳам рақобат намуданд. Мақсад аз бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ин муассиса тамрин ва баргузории мусобиқоти варзишист.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






