Имзои Созишнома дар Кобул
Душанбе, 11 июн.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Дар Кобул, пойтахти Афғонистон, миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон /ҶҲАТ/ ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон /ҶҲАА/ Созишнома оид ба ҳамкориҳои дўстона ба имзо расид. Санади мазкурро дабирони кулли ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Афғонистон Зафар Муҳаббатов ва Наим Диндор имзо карданд. Ҳадафи Созишнома тақвияти ҳамкориҳо миёни ҶҲАТ ва ҶҲАА буда, дар асоси он ҷонибҳо ҳамкориро дар бахшҳои табодули иттилоот , таҷриба, тавсеаи тамосҳо, мусоидат ба ҳамдигар, рушди иқтидору тавоноӣ, ироаи таҷҳизоту маводи башардӯстона ва омӯзиши имкони роҳандозии барномаҳои муштаракро тавсеа мебахшанд. Бояд тазаккур дод, ки Созишнома дар доираи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имзо шудааст. Ҳамзамон ҶҲАТ тасмим гирифтааст, дар доираи ин санад ба ҶҲАА ҷиҳати тақвияти иқтидораш дар самти омодагӣ ба офатҳо, коҳиши хавфи офатҳо, ироаи ёрии аввал махсусан, дар манотиқи марзии миёни ду кишвар кўмак хоҳад кард. Инчунин ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҶҲАТ вобаста ба ниёзҳои ҶҲАА бо пуштибонии ҳукумат ва маблағгузорон имкони ироаи ёриҳои фаннӣ ва омӯзиширо ҷустуҷӯ хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






