Интихоби ҳоҷиён тавассути қуръапартоӣ
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар толори мактаби рақами 60-и ноҳияии Синои шаҳри Душанбе доир ба интихоби ҳоҷиёни ин ноҳия аз тариқи қуръапартоӣ ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад ҷиҳати шаффоф гузаронидани қуръапартоӣ раиси ноҳияи Сино, намояндагони Кумитаи корҳои дин, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ ширкат карданд. Тарзи гузаронидани чунин навъи қуръапартоӣ беҳтарин усулу орӣ аз ҳама гуна омилҳои коррупсионӣ арзёбӣ шуд.Қабл аз оғози қуръапартоӣ номҳои нафароне, ки солҳои 2010- 2011 дар навбат буданд ва нафарони аз 70-сола боло, ки дар соли 2012 ҳуҷҷат супурдаанд, бидуни қуръапартоӣ ба рӯйхати зоирини Ҳаҷ-2012 шомил шуданд. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Сино аз 368 нафаре, ки аз соли 2010 то 1 июни соли 2012 ариза додаанд, 98 довталаб бинобар сабаби аз соли 2010 дар навбат истодан ва синнашон аз 70 боло будан бе қуръапартоӣ ба рӯйхати ҳоҷиён ворид гардид. Тавассути қуръапартоӣ 270 нафар тақдири худро санҷида, дар натиҷа 76 нафар ба рӯйхати хоҷиёни соли 2012 шомил шуд. Бояд гуфт, ки мутобиқи квотаи ба ноҳияи Сино ҷудошуда 3 ҷойи дигар боқӣ монд, ки он миёни нафарони аз 65-сола боло бори дигар қуръапартоӣ хоҳад шуд.Чунин навъи интихоби ҳоҷиён дар Осиёи Марказӣ ва бештари кишварҳои дунё роиҷ аст.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






