«Ишқи мӯйсафед» — бардошт аз зиндагии имрӯза
Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). — Китоби нави ҳикояҳои журналист Ҷовид Муқим таҳти унвони «Ишқи мӯйсафед» дар Нашриёти «Озар» аз чоп баромад.
Дар маҷмӯаи мазкур қисса ва ҳикояҳои солҳои охир эҷод кардаи муаллиф гирд оварда шудаанд, ки бардошти ӯ аз зиндагии имрӯзи мардум мебошанд. Ҳодисаҳое, ки дар китоб нақл мешаванд маҳсули тахайюли нависанда бошанд ҳам, дар зиндагии воқеӣ ба чашм мерасанд. Ҳамин аст, ки образи қаҳрамони китоб хеле табиӣ ва зинда рӯи қоғаз омада, таваҷҷӯҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунанд.Ёдовар мешавем, ки Ҷовид Муқим дар баробари фаъолияти журналистӣ ва илмию омӯзгорӣ ҳикояву қиссаҳо низ эҷод мекунад ва «Ишқи мӯйсафед» китоби сеюми бадеӣ ва умуман дувоздаҳуми ӯ аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






