Иштирок ва суханронии Э.Раҳмон дар ҷаласаи умумии Конфронси СММ оид ба рушди устувор

Июнь 21, 2012 08:12

Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ифтитоҳ гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Бояд тазаккур дод, ки Конфронсро Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ҳусни оғоз бахшид. Конфронс бо як овоз Президенти Бразилия Дилма Русефро раиси Конфронс ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро яке аз муовинони у интихоб намуд. Сипас аз байни бештар аз 140 сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои олам аввалин шуда, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нутқ эрод намуд. Дар суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Стратегияи миллии рушд, ки аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бармеояд ва мағзи мӯҳтавои онро се масъалаи асосӣ – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти нақлиётиву коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат ташкил медиҳанд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард. Тавре Президенти кишвар таъкид сохт, тибқи ин Стратегия истифодаи самаранок ва сарфаи захираҳои табиӣ, ки унсури асосии иқтисоди «сабз»-ро таҷассум менамоянд, инчунин инкишофи бахши иҷтимоӣ ва ҳифзи низоми экологӣ ҷузъи таркибии ислоҳоти дар Тоҷикистон татбиқшавандаро ташкил медиҳанд. «Дастрасии фарогир ба хадамоти энергетикаи муосир, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, тавсеаи истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия масъалаҳои муҳимтарини рушди устуворанд», — иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон. Зимни баромади худ Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро нисбати ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Энергетикаи устувор барои ҳама» изҳор намуд. Ба қавли Президенти Тоҷикистон, «истифодаи гидроэнергетика ба консепсияи иқтисоди «сабз», ки яке аз мавзӯъҳои асосии ҷадвали кори Конфронси Рио+20 аст, комилан мутобиқат дорад». Дар робита ба нақши бузурги ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об дар амри ноил шудан ба ҳадафҳои рушд, Эмомалӣ Раҳмон аз эълон шудани соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон махсус хотиррасон шуд. Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба се масъалаи ба ҳам пайванди экологию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ – тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва рушди устувори манотиқи кӯҳистон ҷалб намуд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мададрасон пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ хоҳанд намуд. Дар поёни суханронӣ, Президенти Тоҷикистон ҷонибдории кишварро аз баррасии масъалаҳои таҳкими чорчӯбаи ниҳодии рушди устувор ва таъсиси мақоми байниҳукуматии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ҳамчунин роҳандозии раванди таҳияи маҷмӯи мувофиқашудаи ҳадафҳои фарогир дар соҳаи рушд иброз дошт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 21, 2012 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!