Иштирок ва суханронии Э. Раҳмон дар чорабинии ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об»

Июнь 20, 2012 08:24

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор вориди шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.  Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ кард. Дар суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми давлатҳо даъват ба амал овард, ки тавассути амалҳои мушаххас дар соҳаи об ва санитария чораҳои зарурӣ андешанд, то ин ки Соли байналмилалии ду ҳазору сенздаҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи об пурсамар ҷамъбаст гардида, натиҷаҳои бадастомада дар солҳои минбаъда барои некӯаҳволии мардум ва муҳити зисти устувор истифода шаванд. Президенти кишвар таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба бархе аз масоили Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷалб намуда, зарурати роҳандозии ҳамкории муассир ва ҳамаҷонибаро ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва дигар мақсадҳои мувофиқашудаи байналмилалӣ дар соҳаи таъминоти об ва санитария таъкид намуд. Ҳамчунин, ҳамкорӣ дар соҳаи об барои таъмини рушди устувор ва пешбурди «иқтисодиёти сабз» мавриди диққати махсуси Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Тавре Президенти Тоҷикистон тазаккур дод, «кишварҳо бояд муштаракан амал намуда, афзалиятҳои иҷтимоию иқтисодиро муайян созанд, маблағҳоро ба таври оқилона истифода баранд ва обро барои нигоҳ доштани рушди устувор ва тавозуни экологӣ равона созанд». Зимни суханронии худ, Роҳбари давлати тоҷикон аз бобати таъсири манфии хушкшавии баҳри Арал ба вазъи экологӣ дар ҳавзаи баҳри Арал ва хусусан ба тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа изҳори нигаронӣ намуд. Чунонки Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, «дар чунин ҳолат беҳтар гардидани вазъияти мавҷуда ва рушди минбаъдаи устувори минтақа фақат ба ҳамкории мутақобилан судманд дар бахши истифодаи оқилонаи захираҳои оби минтақа вобаста аст». Дар ин росто Президенти Тоҷикистон зарур донист, ки дар ҳавзаи баҳри Арал, ба ғайр аз стратегияҳои миллӣ, бояд стратегияи ягонаи минтақавии истифодабарии захираҳои оби минтақа амалӣ шавад. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин таклиф намуд, ки дар ҷараёни татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи сарчашмаҳои оби нӯшокӣ диққати махсус дода шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 20, 2012 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад