Иштироки Э. Раҳмон дар форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ»
Душангбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар»). — 2 июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо ва конфронсҳои шаҳри Сямэн ташриф оварда, дар форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ» иштирок ва суханронӣ намуд. Барои иштирок дар ин ҳамоиш шумораи зиёди соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистону Чин ба ҳам омаданд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 10 соли ахир гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин 100 баробар афзуда, ҳаҷми солонаи он аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузашт. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 50 лоиҳаи бузурги муштарак бо шарикони чинӣ амалӣ мегардад. «Бо вуҷуди ин, — таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон, — имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя ҳанӯз хеле зиёданд». Аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорони чинӣ ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, сохтмонӣ, сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, телерадиокоммуникатсия, бунёди зербинои сайёҳӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Дар бизнес-форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ» ҳамчунин Губернатори музофоти Фуҷиан Су Шулин, Раиси Шӯрои директорони корпоратсияи «Зи Ҷин» профессор Чжэен Ҷинхэ, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов, Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва Сардори Саридораи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим суханронӣ намуданд. Як зумра тавофуқоти муҳим бевосита миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ҳосил шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






