Иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи тиҷоратии Қошғар
Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 28 июн ҳайати расмии Палатаи савдо ва саноати (ПСС) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи 8 – уми тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар Қошғар иштирок намуд. Тавре ки аз ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори намоишгоҳ аз ҷониби Тоҷикистон 100 ширкати фаъолияташон гуногуни аъзои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иштирок доранд. Ин чорабинии тиҷоратию иқтисодии байналмилалӣ ба рушди равобити байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбию Ҷанубӣ мусоидат мекунад. Нигораҳои Тоҷикистон доираи васеи дастовардҳои рушди иқтисодиро фаро мегиранд. Дар ин ҷо маҳсулоти муассисаҳои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ, маводи иттилоотӣ дар бораи вазъи имрӯза ва дурнамои рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба маърази намоиш гузошта шудаанд.Иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳ ба намояндагони бисёр кишварҳо имкон медиҳад, ки бо Тоҷикистон, дигаргунсозиҳои он, дастовардҳои имрӯза ва авлавиятҳои рушди давлатдорӣ аз наздик шинос шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






