Истеҳсоли 1054 тонна пилла
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- То моҳи июни соли 2012 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 1054 тонна пиллаи тар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 460 тонна, дар вилояти Суғд 516,5 тонна ва lfh ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 77,5 тонна истеҳсол шудааст. Дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, пиллапарварони ноҳияи Конибодом нақшаи пилласупориро иҷро намуданд. Онҳо ба ҷои 130 тоннаи нақша 135,2 тонна пилла супориданд, ки 104 фоизро ташкил медиҳад. Кирмакпарварони пешқадами ноҳия бо мукофоти молӣ сарфароз гардиданд. Бояд қайд намуд, ки дар ноҳияи Конибодом услуби нави корӣ ба роҳ монда шуд: дар 12 гармхона 2600 қуттӣ кирмакро то хоби 2-юм парвариш намуда, ба кирмакпарварон тақсим карданд ва мӯҳлати парвариши кирмак ба ҷойи 30 рӯз ҳамагӣ 20 рӯзро ташкил дод. Инчунин ноҳияҳои Сарбанд, Қубодиён, Шаҳринав ва Ҳисор нақшаипилласупориро иҷро карданд. Пилласупорӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ давом дорад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ итилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






