Истеҳсоли маҳсулоти бахши мошинсозӣ меафзояд
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Корхонаҳои саноати мошинсозӣ ва кимёи ҷумҳурӣ дар нимаи аввали соли 2012 истеҳсоли маҳсулотро афзун намуда, ба маблағи қариб 80 ҳазор сомонӣ маҳсулот бароварданд. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти бахши мошинсозӣ ва кимиё нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 баробари 142 фоиз таъмин гардидааст.Дар нимаи аввали соли равон якчанд корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет», Корхонаи воҳиди давлатии «Садаф», Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиктекстилмаш», Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Регаркабел», Ҷамъияти саҳҳомии «Сомон Кӯлобтаҷҳизот» ва ғайра суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 баробари 110 фоиз таъмин намуданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






