Истиқболи Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ВКД
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯзҳо кормандони тамоми муассисаву идораҳои кишвар бо рӯҳияи шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат дар фазои шукӯҳу фараҳмандӣ 15- солагии имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ-иди Вахдати миллиро истиқбол мегиранд.Бахшида ба ин санаи таърихӣ имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидхон Ҷӯрахонов ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад роҳбари Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Қурбон Восиев ва ҳамоҳангсози ин ҳаракат Рамазони Давлат ширкат варзида, ҳозиринро бо ин ҷашни таърихӣ аз номи Сарвари давлат табрик намуданд ва аз саҳми кормандони милитсия дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани сулҳ дар Тоҷикистон ёдовар шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






