Истифодаи ангишт дар корхонаҳои истеҳсолӣ
Суғд, 5 июн. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Яке аз нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар самти таъминоти энергетикӣ-гузаштан ба сӯзишвории алтернативии ангишт мебошад, ки он дар шаҳри Хуҷанд амалӣ мегардад.Ширкатҳои «Ҷавонӣ», «Сатн», «ВТ – Силк», «Зиннат», «ММК» аз ҷумлаи корхонаҳоеянд, ки пурра ба сӯзишвории алтернативӣ гузаштаанд. Дар ин корхонаҳо ангишт асосан барои истеҳсоли гармӣ ва бухор истифода мешавад. Бо васлу насби печҳо ва технологияи истифодаи ангишт раванди истеҳсолӣ аз рӯи меъёр кор мекунад.Гузаштан ба сӯзишвории алтернативӣ аз сабаби он, ки нархи ангишт нисбат ба гази табий арзон аст, ба корхона манфиати иқтисодӣ меорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






