Кӯмаки навбатӣ ба муҳоҷир
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Русия Аскаралӣ Урунов ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра пардохт шудани маошаш, ки маблағи умумии он 100 ҳазор рублро ташкил медиҳад, кӯмак намуд. Тавре ки аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми дохил шудан ба кор бояд дар бахши ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳояшон масъулияти бештар дошта бошанд. Барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои пурра пардохт нашудани музди меҳнат бояд созишномаи дахлдори меҳнатӣ ҳатман ба расмият дароварда шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






