Кашфу мусодираи маводи мухаддир дар ноҳияи Ҳамадонӣ
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кормандони шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҷараёни тафтиши як хабари фаврии ба мақомот расида шаҳрванд Давлатов Аҳмади 35 сола, сокини деҳаи Чорбоғро дар наздикии хоҷагии моҳипарварии ҷамоати деҳоти Сайроб дастгир намуданд.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД mvd.tj хабар медиҳад, дар натиҷаи кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори 65 кг 630 грамм маводи мухаддир, ки 37 кг 755 грамми онро героин, 16 кг 300 граммашро афюн, 10 кг 880 граммашро ҳашиш ва боқимондаро 3752 дона таблеткаи психотропӣ ташкил медод, дарёфт намуданд.
Нисбат ба дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар маҷмӯъ беш аз 1 тоннаву 144 кг маводи нашъадор ёфт ва мусодира шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






