Кишти баҳории ғалладона
Душанбе, 2 май . (АМИТ «Ховар». Фирӯза Давлатова).-Тибқи маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварӣ то санаи 18.06.12 дар ҷумҳурӣ дар майдони 123371 гектар кишти зироатҳои ғалладона гузаронида шудааст, ки нисбати соли гузашта 11573 гектар зиёд буда, баробари 94,8 фоизи дурнамо мебошад. Аз ҳисоби кишти умумии зироатҳои ғалладона 48512 гектар гандум, 7293 гектар ҷуворимакка барои дон, 9634 гектар шолӣ ва 13721 гектарро кишти дигар намуди ғалладона ташкил медиҳад. Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон соли ҷорӣ майдони 26877 гектар кишти зироатҳои ғалладона гузаронида шудааст. Дар вилояти Суғд дар майдони 62734 гектар, дар ВМБК дар майдони 6077 гектар кишт гузаронида шудааст. Кишти зироатҳои ғалладона дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ зиёд гардидааст. Ба ҷои 30504 майдони кишти ғалладона, дар майдони 35171 гектар кишти зироатҳои ғалладона гузаронида шудааст.Дар ин барои аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзи ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






