Китоби нави В.Ғаффорӣ ва З. Сайидзода

Июнь 4, 2012 16:06

Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Китоби нависандаи тоҷик Воҳид Ғаффорӣ «Властелин труда» («Султони меҳнат»), ки аз фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нақл мекунад, дар нашриёти «Шаҳпар» — и Тоҷикистон аз чоп баромад. Тавре ки аз Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қисми зиёди китоб, ки иборат аз се боб аст, ба марҳилаҳои асосии ҳаёти Нурсултон Назарбоев бахшида шудааст. Мазмуни асосии асар иборат аз муносибати масъулиятноки қаҳрамони он ба меҳнат, ҳисси вазифа, меҳрубонӣ ва муносибати ғамхорона нисбат ба ҳамватанон мебошад. Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Зафар Сайидзода ҳаммуаллиф ва муҳаррири масъули ин китоб аст.Китоб бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи чоп омадааст.

Июнь 4, 2012 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд