Китоби нави В.Ғаффорӣ ва З. Сайидзода
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Китоби нависандаи тоҷик Воҳид Ғаффорӣ «Властелин труда» («Султони меҳнат»), ки аз фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нақл мекунад, дар нашриёти «Шаҳпар» — и Тоҷикистон аз чоп баромад. Тавре ки аз Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қисми зиёди китоб, ки иборат аз се боб аст, ба марҳилаҳои асосии ҳаёти Нурсултон Назарбоев бахшида шудааст. Мазмуни асосии асар иборат аз муносибати масъулиятноки қаҳрамони он ба меҳнат, ҳисси вазифа, меҳрубонӣ ва муносибати ғамхорона нисбат ба ҳамватанон мебошад. Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Зафар Сайидзода ҳаммуаллиф ва муҳаррири масъули ин китоб аст.Китоб бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи чоп омадааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






