Комиссияи қабул ба кор шурӯъ мекунад
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Тавре ки котиби масъули комиссияи қабул, декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқшиносӣ Умед Мансуров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар соли таҳсили 2012 – 2013 ба шӯъбаю факултаҳои донишгоҳи мазкур 882 нафар донишҷӯён қабул карда мешаванд.Мувофиқи суханони Умед Мансуров, алҳол донишгоҳ факултаҳои филология, иқтисодиёт, таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқшиносӣ дорад. Котиби масъули комиссияи қабули донишгоҳ ҳамчунин зикр намуд, ки қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз 25 июн то 30 июл давом карда, имтиҳоноти қабул аз 1 то 20 август сурат мегирад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






