Конфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 27 июн дар Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад. Дар робита бо ин воқеаи муҳими таърихӣ дар ҳамаи созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ бахшида ба 15 — солагии имзои Созишнома «Дар бораи принсипҳои барқарор намудани сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистон» конфронсҳои илмӣ ва маҷлисҳои ботантана баргузор мегарданд.Бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон чанде пеш конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Чандандешӣ ва масъалаҳои таҷдиди низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар чараёни конфронс нафақат масъалаҳои чандандешӣ, балки таҷдиди низоми сиёсии кишвар низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷиҳати хоси ин чорабинӣ иборат аз он аст, ки дар он ходимони давлатӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва аққалиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Нотиқони конфронс зикр намуданд, ки дар шароити суботу ваҳдати миллӣ давлат метавонад проблемаҳои мураккабтаринро ҳал намуда, аз ҷумла низоми сиёсиашро таҷдиду такмил диҳад. Зимни баъзе гузоришҳо дастовардҳое мавриди таҳлили муфассал қарор гирифтанд, ки тайи 15 соли баъди имзои Созишномаи умумӣ дар бораи сулҳу ризоияти миллӣ ба даст омадаанд. Масалан, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Бобохон Маҳмадов зимни гузоришаш зикр намуд, ки Созишномаи умумӣ баъди қабули Эъломия дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати аҳамияташ ҳуҷҷати муҳиме гардид, ки ба рушду густариши давлат мусоидат мекунад. Дар анҷоми конфронс олими намоёни тоҷик, академик Мӯсо Диноршоев натиҷаи конфронсро ҷамъбаст намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






