Конфронси вазирони корҳои хориҷӣ дар Кобул
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 14 июн дар шаҳри Кобул Конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои «Қалби Осиё» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ширкат дошт.Ҳамрохон Зарифӣ аз кори иҷрошудаи коршиносон ҷиҳати фароҳам овардани вазъияти боварӣ изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намуд, ки бояд дар навбати аввал ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахши амният, аз ҷумла ба мубориза алайҳи терроризм, ифротталабӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар диққат дода шавад. Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳалли қазияи Афғонистон ва барқароршавии сулҳ бо истифода аз усулҳои зӯроварӣ кифоят намекунад, бинобар ин бояд ба ҷиҳатҳои барқарор намудани сулҳу амнияти ин кишвар таваҷҷӯҳи хоса дода шавад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита бо ин моҳи марти соли 2012 баргузор гардидани Конфронси панҷуми минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистонро, ки дар ҷараёни он як қатор лоиҳаҳои бахши инфрасохтор, аз ҷумла, лоиҳаҳои бахшҳои энергетика ва нақлиёт пешниҳод шуда буданд, хотирнишон сохт. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






