Консерти ҳисоботии коллеҷи хореографӣ
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 11 июн дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ консерти ҳисоботии хонандагони коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова баргузор гардид, ки дар он раққосони ҷавони синфҳои аз 1 то 7 иштирок доштанд.Дар барномаи консерт порчаҳо аз намоишномаҳои балети классикӣ аз қабили «Суворак», «Кӯли қувон», «Жизел», «Дон Кихот», «Навбаҳори Тоҷикистон», ҳамчунин рақсҳои миллии тоҷикӣ иҷро шуданд.Консертро намояндагони вазоратҳои фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон, роҳбарони театрҳо, донишкадаҳои олӣ ва волидайн тамошо карданд.Мувофиқи суханони коргардони калони Театри опера ва балет Шамсӣ Низомов, омӯзгорони коллеҷ барои таҳияи ин консерт кори зиёдеро анҷом доданд.Дар консерт баробари хонандагони коллеҷ хатмкунандагони Коллеҷи хореографии шаҳри Перми Русия низ иштирок доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






