Корхонаҳои соҳаи ангишт суръати корро баланд мекунанд
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Корхонаҳои соҳаи ангишт аз рӯи натиҷаи 5 моҳи соли 2012 ба натиҷаҳои хуб ноил гардиданд. Масалан, ҶС «Ангишт», кони «Фон – Яғноб», минтақаҳҳои «Ангишт» ва «Анзоб» тайи 5 моҳи соли равон қариб 34 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 11,5 ҳазор тонна зиёд аст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, дар давраи ҳисобот қариб 46 ҳазор тонна ангишт ба фурӯш бароварда шуд. Қобили зикр аст, ки мувофиқи фармони Ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2012 ба хориҷа баровардани ангишт манъ шудааст.Алҳол 80 корхонаи хиштпазӣ, 28 корхонаи маъдангудозӣ, 21 корхонаи саноати хӯрокворӣ, 6 корхонаи семент ва 1 корхонаи шишасозӣ бо истифода аз ангишт фаъолият доранд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






