Коркарди кимиёвӣ оид ба мубориза бар зидди малах
Душанбе, 18 июн . (АМИТ «Ховар». Фирӯза Давлатова).-Тибқи маълумотҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ майдони паҳнгаштаи малах 78094 гектар заминро дар бар мегирад, ки нисбати хамин давраи соли гузашта 75079 гектар кам мебошад. То санаи 15.06.2012 дар майдони 63013 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Баҳри мубориза бар зидди малах 32 адад дорупошакҳои (ОВХ) ва дастгоҳи аэрозолӣ, 1932 адад дорупошакҳои дастӣ, инчунин 1025 нафар қувваи корӣ сафарбар карда шудааст.Майдони паҳнгаштаи малах дар вилояти Хатлон 45960 гектарро ташкил медиҳад, ки дар майдони 40730 гектари он коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Дар вилояти Суғд, майдони паҳнгаштаи малах 17934 гектар буда, майдони 13683 коркарди кимиёвӣ гузаронида шуда, ин қабил майдони дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12400 гектар ва дар майдони 7800 гектари он коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






