Криштиан Роналду эътироз мекунад
Душанбе, 13 июн. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Баъди бохт аз дастаи мунтахаби Олмон капитани дастаи мунтахаби Португалия Криштиан Роналду бо ҳамдастаҳояш барои минатдорӣ изҳор кардан ба мухлисони дастаи Португалия ҳамроҳ нашуда, бо эътироз аз дасташ нишони капитаниро канда, вориди хонаи либоскашӣ шудааст. Ба як маъно Роналду даъвати сармураббии дастаро рад карда, бо онҳо ҳамроҳ нашудааст. Дар натиҷа баъди бозгашт сармураббии тим Паулу Бенту ба ӯ огоҳӣ додааст ва аз Роналду ҷавоби носазо гирифтааст. Мегӯянд, ки дар ҳайати дастаи Португалия қисми зиёди бозингарон Роналдуро дӯст намедоранд, танҳо Пепе, ки бо Роналду дар «Реал» бозӣ мекунад, ӯро дастгирӣ мекунад. Сарвари гурӯҳи зиддироналдуро Нани роҳбарӣ мекардааст ва берун аз майдон ин бозингарон бо ҳам муносибати хуб надоштаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






