Кўмакпулиҳо коҳиш дода мешавад

Июнь 20, 2012 14:56

Душанбе, 20 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-20 июн вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба 14 лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Лоиҳаи қонунҳо коҳиш додани ҳаҷми кўмакпулиҳоро ба узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, судяҳои судҳои ҷумҳурӣ, мақомоти прокуратура, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми ба нафақа баромадан ва дар ҳолати баъд аз ҳалок гардидан зимни иҷрои вазифа пешбинӣ мекунад. Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни тавзеҳи масъалаҳо гуфт, ки ин тадбир дар доираи татбиқи ислоҳоти бахши иқтисод ва молиявӣ дар кишвар ва сарфа намудани маблағҳои буҷаи давлатӣ андешида шуда, пешниҳодест, ки аз ҷониби Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба парлумон ироа гардидааст.  Вазири молия афзуд, ки дар давраи қонунҳои зикргардида қабул ва мавриди амал қарор дода шуда буданд, ки музди меҳнати миёнаи моҳонаи хизматчиёни давлатӣ, судяҳо ва хизматчиёни ҳарбӣ мутаносибан ба 13, 22 ва 41 сомонӣ баробар буда дар шароити онвақтаина мутобиқ буд. Дар зарфи даҳ соли охир музди меҳнати ин табақаи кормандон қариб аз 100 то 145 маротиба афзоиш ёфта, имрўз мутаносибан 543, 1883 ва 4500 сомониро ташкил медиҳад. Масалан барои хизматчии ҳарбӣ мутобиқи қонуни амалкунанда ҳангоми ба нафақа баромадан даҳ маоши ҳадди ақал барои вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми ба нафақа баромдаан ё анҷоми мўҳлати ваколаташ шаш маоши ҳади ақал дода мешуд. Аз чунин имтиёз кормандони судҳо, гумрук ва милиса низ бархўрдор буданд. Қаблан ба оилаҳои кормандони прокуратураи генералӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифа ҳалок гаштаанд ҳамчун кўмакпулӣ маоши 15 солааш дода мешуд. Бо ворид намудани тағйирот ба Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси гумрук, «Дар бораи милитсия», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар қонунҳо ба вакилони парлумон ва кормандони сохторҳои қудратӣ ва ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми ба нафақа баромадан ва анҷоми мўҳлати ваколат танҳо маоши семоҳаи онҳо пардохт карда мешавад Ворид намудан тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, Кодексҳо дар оянда имконият медиҳад, дар доираи Консепсияи музди меҳнат, маоши вазифавӣ ва маоши ҳади ақал марҳила ба марҳила зиёд карда шавад.Танҳо дар соли ҷорӣ аз 1 сентябр музди меҳнати ҳади ақал аз 80 ба 250 сомонӣ, яъне 3, 1 маротиба зиёд карда мешавад, таъкид кард вазири молия.

Июнь 20, 2012 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд