«Лаку Пак» дар Бадахшон
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Ду ҳафта боз Театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Ато Муҳаммадҷонов барномаҳои ҳунарии худро дар қаламрави Бадахшон ба тамошо мегузорад. Ҳунармандони ин театр бо намоишномаи ҳаҷвии «Лаку Пак», аз афсонаи машҳури «Лаку Пак» дар таҳияи Абдулҳафиз Қодирӣ ва Иброҳим Усмон баромад мекунанд.Коргардон ва ба саҳна гузорандаи намоишнома ҳунарпешаи маъруф Бурҳонидин Раҷабов аст.Нақшҳои асосии «Лаку Пак»-ро ҳунарпешагони маъруф Меҳринисо Ҳоҷибоева ва Аловуддин Абдуллоев иҷро мекунанд. Ёдовар мешавем, ки ин намоишнома моҳе қабл дар ҷашнвораи театрие, ки дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор шуд, мақоми аввалро сазовор гардид.Аловуддин Абдуллоев дар сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Лаку Пак» намоишномаест, ки аз чандин унсур иборат аст. Дар он ҳам шеър ҳаст, ҳам мусиқӣ, ҳам фолклор, ҳам рақс, ҳам пантомима (намоиши бесадо) ва ҳам пародия (тақлид).Сафари ҳунармандони ин театр ба водии Рашд низ дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






