«Лола» дар Остона
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми байналмилалии «АвруОсиё дар ҷаҳони нав» баргузор гардид. Дар форуми мазкур устодони санъат ва коллективҳои рақсии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо барномаи консертии «Остона – маркази фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил» ширкат варзиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии бузурги фарҳангӣ 25 нафар узви Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзодаро муаррифӣ намуданд. Дар ин бора роҳбари бадеии ансамбли мазкур, ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов ба мо иттилоъ дод. Дар ин форуми ҳунарӣ дастаҳои ҳунарӣ ва устодони санъат аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина иштирок намуданд.Ҳайати ҳунарии «Лола» ба ин форум барномаи пурмӯҳтавоеро (сюитаи рақсӣ — иборат аз се қисм) таҳти унвони «Рангҳои дӯстӣ» («Радуга дружбы»)-и ба тозагӣ эҷод гаштаро ба оҳанги Зафар Абдуллоев, Умаралӣ Мергалиев пешкаши иштирокчиёни форум гардониданд.Боиси тазаккур аст, ки дар ин Форуми бузурги ҳунарӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ширкат дошт. Ҳунармандони миллатҳои гуногун на танҳо аз дастовардҳои ҳунарии ҳамдигар воқиф гаштанд, балки барои такмили маҳорати касбии худ дарси эҷодӣ омӯхтанд. Дар фарҷоми ин чорабинӣ ҳайати эҷодии ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон сарфароз гардонида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






