Мӯҳлати ба истифода додани нақб мавқуф гузошта мешавад

Июнь 4, 2012 10:32

Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Мӯҳлати мавриди истифода қарор додани нақби «Шаҳристон» ба арафаи таҷлили 21 – мин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавқуф гузошта мешавад. Аз ин пеш моҳи июни соли ҷорӣ ба истифода додани ин иншоот дар назар буд. Дар ин бора аз Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Душанбе — Чаноқ» — и Вазорати нақлиёти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Сабаби асосии ба вақти дигар гузаронидани мӯҳлати ба истифода додани иншоот сар задани душвориҳо бар асари лағжидани қабатҳои замин мебошад. Алҳол кор мувофиқи нақша сурат мегирад. Қобили зикр аст, ки нақби «Шаҳристон» дар 180 – километрии роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд дар ҳудуди байни ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғд воқеъ аст. Масофаи нақб 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони расмии нақби «Шаҳристон» 22 августи соли 2006 оғоз ёфта буд. Арзиши сохтмони он мувофиқи лоиҳа 175 миллион сомониро ташкил медиҳад.Сохтмони ин нақб яке аз ҷузвҳои лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ ба шумор рафта, пудратчии асосии лоиҳа ширкати China Road – и Чин мебошад.

Июнь 4, 2012 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад