Мақсади ҳамоиш- пешниҳоди маълумот дар бораи Шӯро
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфтугӯи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо донишҷӯён ва устодон сурат гирифт. Ин чорабинӣ таҳти унвони «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ва тартибу шартҳои муроҷиат ба Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон» доир шуд. Нахуст Қироншоҳ Шарифзода, узви Шӯро дар бораи Шӯрои ВАО, ҳадаф ва мақсади таъсиси он, меъёрҳои ахлоқии журналистон ва муроҷиатҳои баррасишуда тайи се соли ахир маълумот дод. Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО иброз дошт, ки мақсади ҳамоиш ба доираи васеи бинандагон, шунавандагон ва хонандагон пешниҳод намудани маълумот дар бораи Шӯро мебошад. Мухтор Боқизода, узви дигари Шӯро роҷеъ ба тартиби муроҷиат ба ин ниҳод, баррасии муроҷиат дар Шӯро ва қабули қарор доир ба шикояти шахсони воқеиву ҳуқуқӣ аз ин ё он нигоштаи воситаҳои ахбор иттилои муфассал пешниҳод намуд. Зимни суолу ҷавоб иштирокчиёни ҳамоиш ба пурсишҳои худ вобаста ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ, ҷудо будани фаъолияти тиҷоративу реклама аз фаъолияти эҷодӣ, ҳодисаҳои асардуздӣ дар ВАО ва тартиби муроҷиат ҳангоми вайрон гардидани меъёрҳои ахлоқӣ посух гирифтанд.Дар ин бора аз факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






