Маҳфили назми Мӯъмин Қаноат дар Маскав
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 28 июн дар Муассисаи давлатии «Хонаи миллатҳои Маскав» бахшида ба 80 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат маҳфили назм баргузор мегардад. Дар ин бора аз Иттифоқи тоҷикистониёни муқими Маскав ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Кумитаи тадорукотӣ аз ҷумлаи намояндагони Иттифоқи тоҷикони Русия, Ассосиатсияи созмонҳои «Самандар» ва «Нур» — и тоҷикон ва Намояндагии фарҳанги назди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷамоаи афғонҳо таҳти раёсати шоир ва тарҷумони шинохта Михаил Синелников ҳамаи ҳаводорони назми волои бадеъро ба маҳфили халқҳои форсизабон бахшида ба солгарди шоири маҳбуб даъват менамоянд.Дар маҳфил шоирон, нависандагон, ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, гурӯҳҳои эҷодкори Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Федератсияи Русия сухан мекунанд. Дар маҳфили каломи бадеъ худи устод Мӯъмин Қаноат ва шогирдону муҳаққиқони эҷодиёти ӯ аз Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ширкат меварзанд.Дар ҳошияи маҳфил барномаи консертӣ ва намоиши китобу расмҳо низ дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






