Маҳсулоти шишагини истеҳсоли ватанӣ

Июнь 12, 2012 14:30

Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Хати нави технологӣ барои тавлиди банкаҳои як ва ду литра, ки дар корхонаи тавлиди шишаҳои сохтмонии шаҳри Қайроққум мавриди истифода қарор дода шуд, иқтидорҳои истеҳсолии онро тадриҷан афзун мекунад. Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иқтидори шабонарӯзии хати нави технологӣ ба 20 ҳазор адад банка мерасад. Алҳол корхона ҳар шабонарӯз беш аз 10 ҳазор адад банкаҳои як ва ду литра истеҳсол мекунад. Баъди рӯи кор омадани хати нави технологӣ дар корхона ба таври илова 50 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд. Қобили зикр аст, ки аввалин корхонаи тавлиди шишаи сохтмонӣ ва банкаҳо бо ибтикори Вазорати энергетика ва саноати ҶТ моҳи марти соли 2011 дар шаҳри Қайроққум бунёд шуда буд. Иқтидори солонаи корхона 1,3 миллион метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ мебошад.

Июнь 12, 2012 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд