Маҷаллаи «Контимост» ба забони тоҷикӣ чоп мешавад

Июнь 19, 2012 14:17

Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 18 июн раиси Палатаи савдо ва саноати (ПСС) Тоҷикистон Шариф Саид бо ҳайати маҷаллаи «Контимост» — и Чин бо роҳбарии директори редаксияи маҷалла, сармуҳаррир ва директори «Рӯзномаи иқтисодии Синдзяй», муовини раиси Ассосиатсияи кормандони матбуоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Говэй мулоқот анҷом дод. Тавре ки аз маркази матбуоти ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои интишори маҷаллаи «Контимост» ба забони тоҷикӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Шариф Саид сатҳи интишори маҷалларо ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки шумораҳои ба забони русӣ дарҷшудаи маҷалла мунтазам байни аъзои палата паҳн карда мешаванд. Бо ибтикори ПСС ҶТ ва ҳайати таҳририяи «Контимост» ба забони тоҷик шудани он маҷалларо байни хонандагон боз ҳам машҳуртар мегардонад. Ян Говэй хабар дод, ки редаксия ҷонибдори ба забони тоҷикӣ аз чоп баромадани маҷалла буда, дар мавриди аввал теъдоди ҳар шумораи он 3 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад. Маблағгузорӣ барои интишори маҷалла аз ҷониби Чин сурат мегирад. Ҷонибҳо ҳамчунин лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкории байни ПСС ҶТ ва редаксияи журнали «Контимост» — ро мавриди муҳокима қарор доданд. Худи ҳамон рӯз маросими имзои Созишнома баргузор гардид, ки онро Шариф Саид ва Ян Говэй имзо карданд. Шумораи аввали маҷаллаи «Контимост» бахшида ба рӯзи таҷлили иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аз чоп мебарояд.

Июнь 19, 2012 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад