Маҷлиси ботантана ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 21 июн ба ифтихори Рӯзи ваҳдат ва мусолиҳаи миллӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» маҷлиси ботантана баргузор гардид. Тавре ки аз «Агроинвестбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҷлис раиси раёсати «Агроинвестбонк» Фаррух Тағоймуродов аҳамияти таърихии ин Рӯзи фархундаро зикр намуда, гуфт, ки 27 июни соли 1997 дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Дар ин рӯз дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо ризоияти ҷонибҳои мухолиф ва бо миёнаравии кишварҳои мусоидкунандаи анҷоми ихтилофот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ Созишномаи ваҳдат ва мусолиҳаи миллии Тоҷикистонро имзо карда буданд.Баъди имзои ин Созишномаи таърихӣ ҷанги шаҳрвандӣ поён ёфта, раванди эҳё ва ҳифзи ҷумҳурии ҷавони мустақил сар шуд. Маҷлис бо иштироки ходими намоёни илмию сиёсӣ Қурбон Восеъ ва шоири шинохтаи кишвар Аскар Ҳаким сурат гирифт.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






