Маҷлиси миллӣ ба пешниҳоди Прокурори генералӣ ризоият дод
Душанбе, 15 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи нўҳуми худ, ки 14 июн баъд аз зўҳр, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ доир гардид, нисбат ба пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳангоми зарурат ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нур Нуров ризоият дода, қарори марбута қабул намуд. Масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан ва ҳангоми зарурат ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нур Нуров ба қазияи Низомхон Ҷўраев, собиқ роҳбари корхонаи кимёи Исфара ё худ парвандаи 33 нафар исфарагиҳо рабт дорад. Ҳамзамон аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон муроҷиати унвонии иҷлосияи нўҳуми Маҷлиси миллӣ воридгардидаи муштариён ва кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мовароуннаҳр”-ро барои баррасӣ ба Суди Олӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






