Маҷлиси саҳмдорони «Агроинвестбонк»
Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» баргузор гардид, ки дар он аъзои шӯрои мушоҳидону раёсат ва саҳмдорони бонуфузи бонк ширкат доштанд.Тавре ки аз бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, раиси шӯрои мушоҳидони ҶСК «Агроинвестбонк» Талбак Назаров ҳафт масъалаи марбут ба фаъолияти бонкро ҷиҳати баррасӣ манзури ҳозирон намуд. Сипас раиси ҳайати раёсати бонк Фаррух Тағоймуродов дар бораи ҷамъбасти фаъолияти молиявии ҶСК «Агроинвестбонк» дар соли 2011 ҳисобот дод. Бо қарори якдилонаи саҳмдорони бонк ҳисоботи солонаи молиявии он тайи соли 2011 тасдиқ гардида, масъалаҳои ташкилӣ ва масоили дигари рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






