Марказҳои омодагии муҳоҷирон таъсис меёбанд
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 7 июн роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Агентии оид ба ҳамкорию рушди техникӣ Раъно Мансурова масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахши омодагии муҳоҷирон, пайдо намудани ихтисос ва омӯхтани забони русиро мавриди муҳокима қарор доданд.Раъно Мансурова зимни суханрониаш аҳамияти ҳамкорӣ дар бахши омодагии муҳоҷирони меҳнатиро қайд намуд. Муовини аввали сардори Хадамоти муҳоҷирати ҶТ А.Бобоев дар навбати худ аз нақшаҳои ташкили марказҳои омодагии муҳоҷирон нақл кард.Ҷонибҳо ҷузъиёти ҳамкорӣ дар бахши ташкили марказҳои зикршуда ва курсҳои забони русиро муфассал муҳокима намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






