Машғулияти муфаттишони Тоҷикистон
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Муфаттишони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз 25 май то 25 июн дар курсҳои такмили ихтисос иштирок доранд. Мувофиқи хабари сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсҳои такмили ихтисос дар заминаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мадади Раёсати кадрҳои вазорат ташкил ёфтаанд. Қобили зикр аст, ки Раёсати тафтишоти ВКД ҶТ бо мақсади баланд бардоштани сифати кор ба ниҳодҳои тафтишотии шӯъбаҳои корҳои дохилии пойтахт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, аз ҷумла ба шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Хуросон, Носири Хусрав, Шаҳритус, Ҷиликӯл, Панҷ, Сарбанд, Бохтар, Қубодиён, Восеъ ва Фархор кӯмаки амалӣ мерасонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






