Машварати байни намояндагони ВКХ Тоҷикистон ва Беларус
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ бо иштироки сардорони раёсатҳои дахлдор машварати байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни машварат перомуни ташкили кори таҳлилию дурнамоӣ, мубодилаи таҷриба аз рӯи масъалаҳои сиёсати байни кадрҳо ва ҳамкории мутақобила дар ҳошияи иттиҳодияҳои ҳамгироии байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Беларус мубодилаи афкор намуданд.Ҳамчунин дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Беларус муҳокима шуданд.Машварат дар доираи татбиқи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати ҳамкории байни ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКХ Беларус барои солҳои 2011 — 2012 сурат гирифт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






