Машварати корӣ дар ҳузури Сарвари давлат
Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар»).- 8 июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони идораҳои назди ҳукумат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд. Дар машварат, асосан масоили вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сершумору пурарзиши сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои дахлдор дастур дод, ки барои татбиқи босамари тавофуқоти зимни ин сафар ҳосилшуда нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, пешниҳод намоянд. Тавре зикр гардид, тайи ин сафар танҳо бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 санади нав доир ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту роҳсозӣ, геология, кишоварзӣ, бонкдорӣ ва ғайра ба имзо расид. Ба масъулин доир ба иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда, аз ҷумла сохтмони маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе, корхонаи сементбарорӣ дар ноҳияи Шаҳритус, корхонаҳои афинажӣ ва коркарди мис дар шаҳри Панҷакент, комбинати металлургӣ дар мавзеи Зарнисори шаҳри Қайроққум, иншооти иҷтимоӣ дар Панҷакенту Зарнисор, тезондани бунёди нақбҳои Шаҳристону Чормағзак, омодасозии лоиҳаи нерўгоҳҳои обии Нуробод-1 ва Нуробод-2, кашидани хатҳои нави интиқоли нерўи барқ, тавсиа додани корҳои геологӣ-иктишофӣ дар майдонҳои ояндадори нафту газ ва маъданҳои кўҳӣ, рушди технологии соҳаи кишоварзӣ, ташкили технопаркҳо дар деҳот, омодасозии кадрҳои муҳандисӣ-техникӣ дар ҳамаи соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар ва ғайра дода шуд. Зимни машварат ба масъулини дахлдор, ҳамчунин доир ба сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, хусусан дар ноҳияҳои кўҳистон ва ҷоннок намудани корҳо дар дигар самтҳои фаъолият супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






