Масъулияти таъмини бехатарии маҳсулот бар дўши кист?

Июнь 29, 2012 16:16

Душанбе, 29 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ҷаласаи охирини иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 29 июн таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ» баррасӣ ва қабул шуд. Гулчеҳра Бозорова- муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи лоиҳаи қонун гуфт: «он бо ҷалби мутахассисони байналмилалӣ ва бо мақсади суръат бахшидани раванди воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба татбиқи чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ таҳия шудааст. Лоиҳаи қонун, ки аз сўи Президенти кишвар ба парлумон ироа гардида, он асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилиро дар бахши таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи ҳаёти солими шаҳрвандон, манфиатҳои истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист, танзими назорати давлатӣ ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ҳангоми истеҳсол, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва фурўшро ба танзим медарорад. Тибқи лоиҳаи қонун дар кишвар истеҳсолкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ барои бехатарии он масъулини асосӣ маҳсуб мешаванд. Муовини вазир афзуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур, ки аз 5 боб ва 41 модда иборат аст, ба ҳайвоноти зинда, агар онҳо барои фурўш ба одамон бо мақсади тайёр намудани маҳсулоти хўрокворӣ истифода гарданд, растаниҳо то ҷамъоварии ҳосил ва меваҷот, маҳсулоти ороишӣ (косметика), тамоку ва маҳсулоти тамокуӣ татбиқ намегардад.

Июнь 29, 2012 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд