Мавсими театрӣ анҷом меёбад
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 28 июни соли ҷорӣ дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов мавсими театрӣ ба охир мерасад. Дар ин бора муовини директори театр Зиёбой Тошев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шоми ҳамон рӯз асари саҳнавии охирини мавсими имсола пешкаши тамошобинон мегардад. Ба тамошобинон намоишномаи «Бозингарон» аз рӯи асари нависандаи бузурги рус Гогол дар таҳияи коргардони шинохта Нозим Меликов намоиш дода мешавад.Мавриди зикр аст, ки имсол театри мазкур ба дастовардҳои калони эҷодӣ ноил гардид. Ҳунарпешагони театр аз 24 то 27 май дар фестивали «Муқовимат» — и шаҳри Ободони Эрон яке аз спектаклҳои беҳтарини худро намоиш доданд. Спектаклро коргардони театр Нозим Меликов аз рӯи намоишномаи нависандаи Беларус Алексей Дударев «Сарбозони қаторӣ» ба саҳна гузоштааст. Дар Фестивали сеюми байналмилалии театрӣ, ки аз 28 то 30 май дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, спектакли «Шабе дур аз Ватан» ба матни шеъри шоири намоёни тоҷик Бозор Собир намоиш дода шуд, ки ҳар ду бо дипломҳо қадр карда шуданд. Ҳамчунин, аз 26 апрел то 2 майи соли ҷорӣ ҳунармандони театри мазкур бо намоишномаи кӯдаконаи «Бойи мокиёнхӯр» меҳмони тамошобини хурдсоли шаҳру навоҳии вилояти Хатлон гардиданд.Мавсими нави театрӣ моҳи сентябр бо намоиши асари нави саҳнавӣ оғоз меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






