Мизи мудаввар дар Суди конститутсионии ҶТ
Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ба ифтихори 15 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ваҳдат – омили муҳими давлатдорӣ» баргузор гардид.Дар кори мизи мудаввар намояндагони Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Шӯрои адлия, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин вазорату идораҳои дигари ҷумҳурӣ ширкат доштанд.Тавре ки аз Суди конститутсионӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов ҳозиронро бо ин санаи пуршарафи мардуми ҷумҳурӣ — 15 — солагии имзои Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор намудани сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муборакбод намуд. Зикр гардид, ки ин созишнома таҳкурсии ҳуқуқию воқеии сулҳи устувор ва ваҳдати миллии кишварамонро гузошт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






