Муҳокимаи беҳдошти фаъолияти ваколатдори ҳуқуқи инсон
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Мавзӯи асосии мулоқоти роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ бо намояндаи Институти рушди бахши ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон Б. Гулакова иборат аз масъалаҳои кори ваколатдорони ҳуқуқи инсон дар бахши муҳофизати ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва беҳдошти фаъолияти ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон буд. Тавре ки аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мушовири махсуси Институти рушди бахши ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба таҳқиқу таҳлили фаъолияти ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон машғул аст. Мувофиқи суханони Б.Гулакова, таҳлили фаъолияти ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон асос медиҳад хулоса бароварда шавад, ки дар сурати ривоҷ додани ҳамаи усулҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд рушди минбаъдаи чунин механизми иловагии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, аз қабили мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон, басо муҳим мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






