Муҳокимаи хамкории Тоҷикистон ва САҲА
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 18 июн дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо гурӯҳи кории Кумитаи буҷа ва идораи САҲА иборат аз 19 нафар намояндагони давлатҳои аъзои Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот самтҳои асосии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА иборат аз таҳкими амният ва тадбирҳои итминонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳифзи сарҳадот бо Афғонистон, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, озодии ВАО ва мадад ба рушди устувори кишварҳо ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






