Муҳокимаи муносибатҳои Тоҷикистону Лаҳистон
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар»). – Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон Имомуддин Сатторов дар шаҳри Варшава бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон Катаржина Пелчинска – Налеч масъалаҳои таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Лаҳистон ва рушду густариши ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дод. Дар ҷараёни мулоқот аз рӯи масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи идораҳои сиёсати хориҷии ҳар ду кишвар ба манзури густариши равобити Тоҷикистону Лаҳистон ва таҳким бахшидани заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ дар бахшҳои мушаххас табодули афкор барпо гардид. Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла натиҷаи Конфронси панҷуми ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон ва татбиқи лоиҳаҳои энергетикию инфрасохториро, ки мақсад аз онҳо ривоҷ додани ҳамгироии иқтисодӣ ва ҳамкории зичи миёни кишварҳои минтақа мебошад, мавриди муҳокима қарор доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






