Муҷассамаи Рой Ҳоҷсон дар Дувр
Душанбе, 9 июн. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар Англия дар макони Дувр муҷассамаи сармураббии дастаи мунтахаби Англия Рой Хоҷсонро, ки баландиаш 30 метр аст, гузоштанд. Ин лоиҳа аз маблағи як ширкат сохта шудааст ва он аз тарафи дигари гулӯгоҳи Ла Манш дида мешавад. Ин амал аз он хотир аст, ки рӯзи 11 июн футболбозони Англия бо футболбозони Фаронса дар аввалин рақобати гурӯҳӣ бо ҳам вомехӯранд. Ин муҷассама ба муҷассамаи Исои Масеҳ дар Рио де Жанейрои Бразилия монанд буда, танҳо ба ҷои сари мeҷассамаи Исои Масеҳ сари Рой Ҳоҷсон гузошта шудааст. Медонед вазни он чӣ қадар аст? 8 тонна, баландиаш 30 метру 48 сантиметр, бараш 29, 3 сантиметр аст ва аз чӯб сохта шудааст. Сабаби сохтани ин муҷассама чунин маънидод мешавад, ки соли 1931 баъди сохтани муҷассамаи Исои Масеҳ дар Бразилия дастаи мунтахаби он соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






