Муаррифии ЭКСПО «Чин – АвруОсиё»
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 20 июн дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии Намоишгоҳи бисёрсоҳавии миллии ЭКСПО «Чин – АвруОсиё» баргузор мегардад. Ин намоишгоҳ аз 1 то 5 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегардад.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатии ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғури ҶМЧ ва Тоҷикистон ширкат мекунанд. Иштироки 250 ширкату фирмаҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ дар назар аст.Қобили зикр аст, ки тайи 10 соли охир муомилоти моли байни Тоҷикистон ва Чин сад маротиба афзуда, муомилоти солонаи он беш аз 2 миллиард доллари ИМА – ро ташкил дод. Дар Тоҷикистон бо иштироки ҳамтоёни чинӣ беш аз 50 лоиҳаи калони муштараки инвеститсионӣ роҳандозӣ мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






