Муборизаи зидди малах идома дорад
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон муборизаи зидди яке аз ҳашароти асосии заррарасони кишоварзӣ — малах идома дорад. То имрӯз масоҳати паҳншавии малах дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазору 370 гектар заминро ташкил медиҳад. Тавре ки аз Корхонаи воҳиди давлатии «Муборизаи зидди малах» — и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, то 1 июн масоҳати беш аз 55 ҳазор гектар замин мавриди коркарди маводи кимиёвӣ қарор дода шудааст.Алҳол шумораи зиёди техника ва бисёр навъҳои коркарди воситаҳои махсус, ҳамчунин қариб 2 ҳазор нафар мутахассисон ба муборизаи зидди малах сафарбар карда шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






